ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вохӯрии тими миллии Тоҷикистон ва Сурия рӯзи 27 августи соли равон дар майдони варзишии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" дар Хуҷанд, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад доир мегардад.
Дар айни ҳол дастаи Сурия дар рейгинги ФИФА дар 104-ум ҷой қарор гирифта,1 сентябр дар доираи бозҳои интихобии Чемпионат-2018 бо тими Узбакистон дар Тошканд вомехӯрад.
Дар баробари ин мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон, ки дар ҷои 120-ум қарор дорад, вохӯрии дӯстона анҷом хоҳад дод. Ин вохӯрӣ 9 ноябри соли ҷорӣ дар майдони марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ФФТ.
Ҳамчунин мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаи Фаластин, ки дар рейтинги ФИФА дар ҷои 114-ум қарор дорад, ду вохӯрии дӯстона анҷом хоҳад дод.
Вохӯрии аввал 6 сентябр дар майдони "Дура"-и Хеврон доир гардида, бозии дуюм 3 октябр дар майдони марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.