ФИФА: рейтинги мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафтааст

© SputnikТӯби футбол
Тӯби футбол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар миёни кишварҳои Осиё Эрон дар ҷадвали нави ФИФА пешсаф мебошад, ки бо касби 672 имтиёз дар мақоми 42-юм қарор гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бар асосии раддабандии ҷадиди Федератсияи байналмилалии футбол, тими яккачини Тоҷикистон бо 149 имтиёз дар мақоми 164 ҷой гирифтааст, ки дар қиёс ба як моҳи пеш 14 мавқеъ поинтар аст.

Бозии футболи Тоҷикистон- Қирғизистон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Лаҳзаҳои ҷолиб аз бозии футболи Тоҷикистон- Қирғизистон

Мавқеъи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА аз ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ва давлатҳои минтақа поинтар аст. Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ тими мунтахаби Украина пешсаф буда, бо 880 имтиёз дар ҷои 22-юм мебошад. Русия нисбат ба моҳи гузашта 4 зина поин ва дар ҷойи 27-ум аст.

Мавқеъи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар моҳҳои январ ва феврали соли равон бидуни тағйир- ҷои 148 буд.

Тоҷикистон баъди бохтҳои пайдарпай аз дастаҳои Австралия ва Қирғизистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 чунин ақибравӣ кардааст.

Се голи беҷавоби Австралия ба дарвозаи Тоҷикистон

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб тартиб дода мешавад. Ба ҳисоби нозирони соҳа, натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги мазкур дар моҳи июни 2013 будааст, ки дар ҷойи 106-ум буд. Натиҷаи пастаринаш дар соли 2003 дар ҷои 180-ум сабт шудааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими мунтахаби Ӯзбакистон пешсаф мебошад, ки мавқеъаш 8 зина боло рафта, ҳоло бо 549 имтиёз дар ҷойи 66-ум аст. Қазоқистон низ 9 зина боло рафта, бо 300 имтиёз дар ин раддабандӣ дар ҷойи 116 қарор дорад. Қирғизистон бо 340 имтиёз дар ҷойи 100-ум, Туркманистон бо 277 имтиёз дар ҷойи 128 мебошад.

Тими мунтахаби Афғонистон низ аз Тоҷикистон пешсаф буда, мавқеъашро 4 зина устувортар ва бо 192 имтиёз дар ҷойи 147 истодааст.

 

Лентаи хабарҳо
0