Изҳори тасаллияти Эмомали Раҳмон ба Франсуа Олланд

Обуна шудан
Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса зиёда аз 84 нафар аб ҳалокат расида чанд тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Миёни қурбониён кӯдакон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар бастагӣ ба инфиҷор дар Фаронса ба президенти ин кишвар номаи тасаллият ирсол намуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Тибқи иттилои дафтари  матбуоти президент дар барқияи Эмомали Раҳмон зикр мегардад, ки "хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд".

Пулис дар ҷои таркиш дар Ниса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадорони дунё таркиш дар Фаронсаро маҳкум карданд

"Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зишти неруҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад",-омадааст дар нома.

"Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Франсия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем»,-омадааст дар барқияи тасаллияти президенти Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0