Сиёсатмадорони дунё таркиш дар Фаронсаро маҳкум карданд

© REUTERS \ ERIC GAILLARDПулис дар ҷои таркиш дар Ниса. Акс аз бойгонӣ
Пулис дар ҷои таркиш дар Ниса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дмитрий Медведев, Барак Обама, Доналд Трамп ва дигар сиёсатмадорони дунё таркиш дар Нитсаро маҳкум карда изҳор доштанд, ки акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд якҷо шуда бар зидди терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ мубориза барад.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Роҳабарони тамоми кишварҳои дунё ҳамроҳи мардуми Фаронса  баъди оне, ки як мошини боркаш дар шаҳри Ниси Фаронса ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллӣ-"Рӯзи ишғоли Бастилия" ба гурӯҳи одамон бархӯрда ва баъдан силоҳдорон ба тарафи мардум тир холӣ кардаанд, изҳори тасаллият намуда мотам гирифтаанд.

Сарвазири Федерастияи Русия Дмитрий Медведев баъди инфиҷор дар Ниса иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба чунин ҳодисаҳо вокуниш нишон диҳад: террористон танҳо қувваро қабул доранд ва онро бояд бар зидди онҳо истифода кард.

"Чуноне маълум аст, терроризм ҳудуд надорад ва ин мушкилоти умумӣ ҳам барои Аврупо ва ҳам барои Осиё мебошад. Дар айни ҳол мутассифона дар байни шахсони ҳалокшуда ҳатто кӯдакон ва сайёҳон низ будаанд. Бино ба иттилои ВАО дар байни қурбониён ҳатто шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ва Русия низ қарор доштаанд. Ин ҳодисаи беҳад ғамгинкунанда аст. Мо ӯҳдарорем, к якҷоя ба чунин ҳодисаҳо вокуниш нишон диҳем, ҳамаи қувваамонро барои мубориза бар зидди терроризм равона намоем. Дар сурати он ки террористон танҳо қувваро қабул мекунанд ва мо бояд онро бар зидди террористон истифода барем",-иҳзор дошт нахуствазири Русия зимни баромад дар форуми кишварҳои Осиё ва Аврупо дар Муғулистон.

Президенти ИМА Барак Обама таркишро дар Ниса маҳкум кард. "Фикру дуоҳои мо бо оилаҳои қурбониён ҳастанд",-менависад оҷонсӣ аз суханони президент.

ВАО: ташкилкунандаи ҳамлаҳои Порис Абдулҳамид кушта шуд

Дабири кулли ИМА  Ҷон Керри иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳукумати Фаронса барои таҳқиқи ин инфиҷор кумак хоҳанд кард.

Ҳарду номзадҳо ба мақоми президентии ИМА низ дар бастагӣ ба тарикш изҳороти худро баён намуданд: Доналд Трамп гуфт,ки террористон ба ҷаҳони муттамаддин ҷанг эълон кардаанд ва Хилари Клинтон бошад изҳор дошт, ки "моро тарсонидан наметавонанд".

"Мо ҳеҷ гоҳ ба террористон имкон намедиҳем, ки ҷомеаи демократии моро, ки асоси зиндагии мост хароб кунанд",-қайд кард Клинтон.

Президенти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск қайд намуд, ки террористон махсусан дар ҳамон рӯзе, ки мардуми Фаронса ҳама якҷо шуда аз иди миллӣ таҷлил мекарданд ба кори бади худ даст заданд.

Сарвазири Чин Ли Кэтсян гуфт, ки "мо терроризмро маҳкум мекунем. Мо ба оилаҳои қурбониён иҳзори тассалияти худро баён мекунем ва дар ҳама гушаи дунё бо терроризм мубориза мебарем".

Вазири умури хориҷии Белгия Диде Рейндерс аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Фаронса боз зери ҳамлаи террористон қарор гирифт.

"Мо ин ҳамлаи террористиро маҳкум мекунем, нигарон аз онем, ки Фаронса боз бори дигар таҳти ҳамлаи террористон қарор гирифт",-гуфт Диде Рейндерс.

Вазири корҳои хориҷии Австралия Бишоп изҳор дошт, ки се шаҳрванди Австралия ҳангоми аз ҷои ҳодиса паноҳ бурдан захмӣ шудаанд.

Бишоп ҳамларо маҳкум карда ёдовар шуд, ки ягон кишвари дунё имрӯзҳо худро дар амният ҳис намекунад.

Вазири умури хориҷии Испания Хосе Мануэл Гарсия-Маргало: "Мо аз ин ҳодиса хеле ғамгин шудем, ҳамаи испаниҳо бо мардуми Фаронса ҳастанд".

Сарвазири Эстония Таави Ривас "ҳамлаи ваҳшиёнаро ба мардуми осоишта, ки аз ҷашни миллии худ таҷлил мекарданд, маҳкум кард".

"Имрӯз мо ҳама бо мардуми Фаронса ҳастем",-қайд кард роҳбари ҳукумати Эстония.

Лентаи хабарҳо
0