Истироҳаткунандагони Нитса аз ҷои ҳодиса даргурезанд. Навори шоҳидон

Обуна шудан
Садҳо нафар аз ҷои ҳодисаи террористӣ дар Ниста, ки дар пайи он зиёда аз 84 нафар аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд, дар гурез шуданд. Ронандаи боркаш ба мардуми осоишта, ки аз ҷашни миллии худ таҷлил мекарданд бархӯрд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳодиса шоми рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи мошини боркаш ба сокинони шаҳр, ки барои таҷлил аз ҷашни миллӣ-"Ишғоли Бастилия" ҷамъ омада буданд, бархӯрд.

Пулис дар ҷои таркиш дар Ниса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадорони дунё таркиш дар Фаронсаро маҳкум карданд

Ба гуфти шоҳидон ронанда бо мошин мардумро то масофаи 2 км пахш намуда, ҳамчунин ба сӯи сокинони осоишта тир холӣ кард. Ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишотии кишвар нобуд карда шуд.

Баъди ҳамлаи террористӣ аз мошиин боркаш қисми зиёди маводҳои таркиш ёфт гардид. Миёни ҳалокшудагон кӯдакон ва шаҳрвадони хориҷӣ низ ба қайд гирифта шуданд.

Оҷонсии Рейтер бо истинод ба манбаъ дар мақомоти тафтишот хабар медиҳад, ки ҳамла аз ҷонби марди 31-сола сокини Нитса ва зодаи Тунис анҷом дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0