ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ташкилкунандаи ҳамла дар Нисаи Фаронса дар рӯзи ҷашни миллии "Ишғоли Бастилия" шаҳрванди 31-солаи ин мамлакат дониста мешавад, иттилоъ медиҳад рӯзи ҷумъа оҷонсии Рейтер бо такя ба манбаъ дар мақомоти тафтишот.
Қаблан нашриёти маҳалии Nice Matin иттилоъ дод, ки ронандаи мошини боркаш, ки ба мардум бархӯрд, сокини 31-солаи Ниса зодаи Тунис будааст.
Оҷонсӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки ҳамлагар ба мақомоти пулиси кишвар кайҳо боз маълум буд, вале мақомоти тафтишотӣ аз ӯ гумонбар нашуданд.
Шоми рӯзи панҷшанбе ронандаи мошини боркаш ба сокинони шаҳр, ки барои таҷлил аз ҷашни миллӣ ҷамъ омада буданд, бархӯрд.
Ба гуфти шоҳидон ронанда бо мошин мардумро то масофаи 2 км пахш намуда, ҳамчунин ба сӯи сокинони осоишта тир холӣ кард. Ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишотии кишвар нобуд карда шуд. Дар пайи ҳамлаи террористӣ 84 нафар ба ҳалокат расиданд.
Сиёсатмадорони дунё вобаста ба ин амали нангини террористон ба мардуми Фаронса иҳзори тасаллият баён намуданд.