Карелия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирони меҳнатӣ машғули кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони меҳнатӣ машғули кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Карелия омода аст шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки хоҳиши кор ва зиндагӣ дар ин минтақаро доранд қабул намоянд. Дар бораи ин дар барномаи минтақавӣ оид ба дастгирии кӯчонидани ихтиёрии шаҳврандон гуфта шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар соли равон танҳо чор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯчидан ба Карелия шудаанд. Соли гузашта бошад ин нишондод ба 20 шаҳрванд расида буд.

Ба муҳоҷирони тоҷик дар бораи ширкатҳои шубҳанок маълумот медиҳанд

Рақамҳо дар видеоконфронс, ки дар Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Карелия баргузор гардид, пешниҳод шуданд.

Дар ин конфронс коршиносон аз Тоҷикистон низ ширкат варзиданд. Зимни баргузории нишаст барномаи кӯчонидани ихтиёрии шаҳрвандони хориҷи кишвар ба Федератсияи Русия пешниҳод гардид.

Барнома бо талаботи муайян ва кафолатҳои иҷтимоии барои довталабон пешниҳод шудааст (манзили зист, кӯмакпулӣ, дарёфти ҷои кор).

Аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистон баъди кӯч бастан ба Карелия, ба ҳайси ронанда, ошпаз, кафшергари газ, корманди соҳаи барқ кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0