Дар Маскав бозори муҳоҷирони моҳифурӯш баста шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкФурӯши моҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Фурӯши моҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ дар қаламрави бозор 30 нафар-шаҳрвандони кишварҳои Ховари Миёна дарёфт шуданд. Айни ҳол фаъолияти бозор боздошта шуд.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кормандони пулиси дар бозори ғайриқонунӣ воқеъ дар Маскави Нав, ки муҳоҷирон онҷо ба фурӯши моҳӣ машғул буданд,  корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузарониданд, иттилоъ медиҳад намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

"Дар пайи баргузории корҳои вижаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони пулиси Маскав бозори ғайриқонуниро дарёфт карданд, ки дар он ҷо муҳоҷирони меҳнатӣ ба фурӯши моҳӣ (ба таври яклухт) машғул буданд. Бозор дар қаламрави Маскави Нав ҷойгир шудааст",-нақл кард Волк.

Муҳоҷирони меҳнатӣ машғули кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Карелия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

Бино ба иттилои намояндаи расмии ВКД Русия дар қаламрави бозор ду бинои ғайриқонунӣ ва 30 адад қуттиҳои махсус барои нигоҳ доштани моҳӣ дарёфт гардиданд. Шабонгоҳ дар ин бозор муҳоҷирон ба таври яклухт моҳӣ мефурухтаанд.

"Дар пайи баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави бозор 30 нафар муҳоҷири корӣ зодагони мамлакатҳои Ховари Миёна қарор доштанд. Нисбати ду нафар дар бастагӣ бо ҳузур ва иқомати ғайриқонунии онҳо дар қаламрави Федератсия Русия парванда боз карда шуд",-гуфт Волкова.

Ба қавли ӯ "айни замон фаъолияти бозор қатъ карда шуда, фаъолияти қонунӣ ё ғайриқонунии корхона дар пайи амалҳои вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум карда мешавад".

Лентаи хабарҳо
0