ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон камшавии шумораи шаҳрвандонеро, ки ба хориҷи кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, ба қайд гирифтааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 308,6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% камтар мебошад.
Ҳамин тавр дар зарфи шаш моҳ аз моҳи январ то моҳи июн аз Тоҷикистон 311 ҳазор нафар сафар кардаанд. Аксари шаҳрвандон (305 ҳазор нафар) Русияро барои муҳоҷирати меҳнатӣ интихоб кардаанд. Дуюмин кишвари мавриди таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик Қазоқистон буда, 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мамлакат сафар кардаанд.
Қаблан ВАО Русия дар бораи зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия иттилоъ дода буд. Дар баробари ин қайд мегардад, ки зиёдшавии шумораи муҳоҷирон ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ вобаста набуда, ба кам шудани шумораи муҳоҷирони хориҷшуда вобаста аст. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат шумораи муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд заёд нашудааст.