Сатторов: шумораи муҳоҷирон дар ФР кам мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази муҳоҷирати меҳнатӣ, Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази муҳоҷирати меҳнатӣ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2013-2014 дар қаламрави Русия зиёда аз миллион нафар муҳоҷирони тоҷик расман кор мекарданд, айни ҳол ин рақам ба 700 ҳазор нафар баробар аст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия ба кам мешавад, иттилоъ медиҳад сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов.

"Шумораи муҳоҷирони меҳнат кам мешавад, шумораи нафароне, ки ҳуқуқи ворид шудан ба қаламрави Русияро аз даст додаанд, афзуда истодааст. Зиёда аз 300 ҳазор шаҳрвандони мо наметавонанд ба қаламрави Русия ворид гарданд"-гуфт Сатторов.

Ба қавли ӯ соли 2013-2014 дар қаламрави Русия зиёда аз1 миллион нафар муҳоҷирони тоҷик расман кор мекарданд, айни ҳол ин рақам ба 700 ҳазор нафар баробар аст. Чуноне дипломат қайд кард, сабабаш-пурзӯр шудани қавонини муҳоҷират, зиёд шудани рӯйхати сиёҳ ва паст шудани музди меҳнат мебошад.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса дар қабристони Хованское. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ роҳбари гӯристон дар ташкили куштор айбдор мешавад

Сатторов гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, барои ҳама гуна ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонанд ба рӯйхати сиёҳ дохил гарданд. "Сари вақт сабти ном нашудан, нодуруст ба қайд гирифтани патент, нодуруст гузаштан аз роҳ. Баромадан аз ин рӯйхат моҳҳо ва солҳо давом мекунад,"-гуфт сафир.

Сатторов рӯзи чоршанбе дар Шӯрои Федератсия бо роҳбарони кумитаҳои конститутсионӣ Андрей Клишас ва Константин Косачёв вохӯрд. Чуноне сафир хабар дод, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷират ва ҳодисаи Хованское баррасӣ гардиданд. Сатторов қайд намуд, ки парвандаи мазкур аз ҷониби ҳуқуқшиносони ботаҷриба пайгирӣ мешавад  ва изҳори боварӣ кард, ки панҷ шаҳрванди тоҷик, ки дар робита бо ин қазия дастгир гардиданд, ҳимоя хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0