ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи ҷоми "Роҳи Абрешим"-Хуашан-2016" ишитирок мекунад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Мусобиқа аз 11 июл то 15 ҳамин моҳ дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор мегардад.
"Дар мусобиқаи байналмиллалӣ мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои ҷавонони Чин, Корияи Ҷанубӣ ва Туркманистон вохӯрӣ анҷом медиҳад",-омадааст дар хабарнома.
Бозии аввалини мунтахаби Тоҷикистон имрӯз 11 июл бо Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад.
Дар даври дуюм, ки рӯзи 13 июл доир мешавад, бозигарони ҷавони тоҷик бо мунтахаби Туркмнистон вохӯрда дар ниҳояти бозӣ, ки рӯзи 15 июл баргузор мегардад, бо мунтахаби Чин бозӣ хоҳанд кард.