ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Собиқ ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Виталий Левченко сармураббии тими футболи ҷавонони кишвар (U-19) таъин шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ "Левченко дастаи футболбозони ҷавони моро ба даври феналии қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мегардад, омода менамояд. Рустам Хоҷаев ва Алишер Тухтаев ба Левченко дар тайёр намудани дастаи (U-19) ба даври ниҳоӣ ёрӣ мерасонанд. Амоншо Содатсайров бошад дарвозабононро машқ медиҳад".
Машқҳои аввалинро барои омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2016 футболбозони ҷавони тоҷик санаи 1 июл дар Норак шурӯъ хоҳанд кард. 12 июл бошад дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Қирғизистон вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад.
Аз 5 то 12 июл мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналилллалӣ барои футболбозони то 19 сола, ки байни кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад.
Дар қаҳрамонии Осиё-2016, ки дар Баҳрайн баргузор мегардад, чор иҷозатнома барои ширкат дар қаҳрамонии Ҷаҳон-2017, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир хоҳад шуд, гузошта мешаванд.
Виталий Левченко ёрдамчии Ҳаким Фузайлов дар мунтахаби Тоҷикистон мебошад. Сармураббии нав таҷрибаи бойи корӣ дошта, дастаҳои наврасон ва ҷавонони Украинаро машқ додааст.