Ҳалокати марди 56 сола дар Сарбанд

© wikimedia.orgМошини пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тақрибан соати 1-и шаби рӯзи гузашта марди 56 сола, сокини шаҳри Сарбанд аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату куб қарор гирифта ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар шаҳри Сарбанд марди 56 сола дар назди хонаи истиқоматиаш аз тарафи шахсони номаълум мавриди лату куб қарор гирифта ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад рӯзи душанбе хадамоти матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Смартфон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ҶТ баъди 221-21-21 рақами нави тамосро ба роҳ монд: 19-19

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур бародарон, ҷавонони 40, 37 ва 34-солаи сокинони шаҳри Сарбанд дастгир карда шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Марди 56 сола баъди бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Дар робита бо ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони пулис се нафар гумонбар дастгир шудаанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0