ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як роҳи дигари тамоси сокинон бо мақомоти умури дохилӣ дар саросари ҷумҳуриро кишварро ба роҳ мондааст, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи ин ниҳод.
Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, ки ин телефони пайвасткунанда 19-19 буда, ҳамаи сокинон метавонанд аз ин хадамот истифода кунанд.
"Минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами 19-19 бо воситаи телефонҳои мобилӣ, GPS ва телефонҳои хонагӣ занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва пешниҳодҳои худро ироа намоянд.
Қаблан, Вазорати умури дохилӣ телефони боварии вазир (221-21-21)-ро таъсис дода буд.