ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба фикри ҳукуматдорони Қирғизистон "шенгени осиёгӣ" ба нафароне, ки натанҳо мехоҳанд Қирғизистонро бубинанд, балки дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон низ сайёҳат намоянд, ҷолиб хоҳад буд.
Дар бораи ин Азамат Жаманкулов раиси шуъбаи сайёҳии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон зимни сӯҳбат дар ҷаласаи Шӯрои кишварҳои аъзои ИДМ оид ба туризм изҳор дошт.
Ӯ ин ақидаро бо низоми раводиди "шенген"-и Аврупо муқоиса намуда, хоҳиши сайёҳонро барои ба даст овардани корти сайёҳии чанд кишвар, афзалиятнок хонд, менависад Sputnik Қирғизистон.
"Аксари сайёҳоне, ки ба Қирғизистон меоянд, хоҳиши аз Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон диданро низ доранд. Фикр мекунам, ки ташкили турпакети ягона ба манфиати кор хоҳад буд. Бо истифода аз созмони ИДМ имкон аст, ки барномаҳои гуногуни сайёҳии якҷояи минтақавӣ ташкил карда шавад",-гуфт Жаманкулов.
Ӯ қайд намуд, ки дар кишвар намуди варзишҳои миллӣ рушд карда истодааст, ки ҳамчунин метавонад барои сайёҳон ҷолиб бошад.
Бояд қайд кард, ки чунин ақидаҳо кам набуданд. Масалан моҳи марти соли 2016 СММ натиҷаҳои пурсиши 10 ҳазор сайёҳро оид ба "Тамоюли сайёҳат дар Роҳи Абрешим" пешниҳод намуд.
Аксари сайёҳон изҳор доштанд, ки дар бораи роҳи Абрешим шунидаанд ва ҳатто баъзе кишварҳоро, ки аз он роҳи Абрешим мегузрад, номбар низ карданд: Чин, Монголия, Қазоқистон, Узбакистон, Эрон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон.
Дар баробари ин иштирокчиёни пурсиш омода буданд ба ҳамаи ин кишварҳо сафар кунанд, вале танҳо дар сурати доштани раводиди ягона-раводиди "Роҳи Абрешим".