Агрегати аввалини Роғун соли 2018 ба кор медарояд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ғолиби озмуни байналмиллалӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. эълон шуд. Интизор меравад, ки агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 2018 ба кор шурӯъ кунад.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии Обии Роғун соли 2018 ба кор медарояд, омадааст дар торномаи маҷаллаи We build value.

"Интизор меравад, ки агретати аввалин НБО Роғун моҳи августи соли 2018 ва агрегати дуюм бошад моҳи октябри ҳамин сол омодаи кор шавад",-қайд мешавад дар хабарнома.

Барои сохтмони НБО Роғун, ки ба се давра ҷудо шуда тақрибан 13 сол идома мекунад 3,9 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Ғолиби озмуни байналмиллалӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. эълон гардид.

Сохтмони Роғунро итолиёвиҳо идома медиҳанд

Коршиносони байналмиллалӣ қайд менамоянд, ки бо мақсади манфиатҳои иқтисодӣ сохтани сарбанди 330 метрӣ ба манфиати кор буда, имкон медиҳад НБО-и Роғун дар як соат 3600 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол намояд. Бо чунин иқтидор нерӯгоҳ метавонад то 115 сол ба Тоҷикистон хизмат расонад.

Илова бар ин нерӯгоҳи Роғун метавонад дар Осиёи Марказӣ яке аз манбаъи асосии содироти нерӯи барқ гардад. Лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки имсол ба кори худ шурӯъ кард, ҳамчунин интиқоли нерӯи барқ аз Роғунро дар назар дорад.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун бинобар назари мухолифи ҳукуматдорони Ӯзбекистон муддати солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар Ӯзбекистон доир ба эҳтимоли рахна шудани сарбанд ҳангоми заминларза ҳарф мезананд. Аммо ташвишҳои кишвари ҳамсояро дар Тоҷикистон бепоя хонда, изҳор медоранд, ки дар кишвар дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳамин навъи сарбанд фаъолият доранд, ки устувории худ нисбати заминларзаро тӯли даҳсолаҳо собит сохтанд.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

Қобили зикр аст, ки соли 2012 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расиданд.

Дар "Арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун", ки аз ҷониби ширкатҳои "Coyne & Bellier", "Электроконсалт" ва "Energy+Water Economics" таҳия шуд, зикр мегардад, ки "майдони интихобшудаи сохтмон барои нерӯгоҳи Роғун ҳарчанд аз нигоҳи сейсмикӣ мушкил бошад ҳам, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ муносиб аст".

Коршиносони байналмиллалӣ қайд карданд, ки интихоби беҳтарин аз лиҳози фоиданокии иқтисодӣ бунёди сарбанди баландиаш 330 метр мебошад, ки ба нерӯгоҳи Роғун барои истеҳсоли то 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ имкон медиҳад. «Дар ин сурат нерӯгоҳ 115 сол барои Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард», — омадааст дар хулосаи коршиносон.

Лентаи хабарҳо
0