ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар торномаи НБО Роғун гуфта мешавад, ки рӯзи 27 июн ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p. дар озмуни байналмиллалӣ барои сохтани Роғун ғолиб омадааст.
Дар сомонаи оҷонсии "Ховар" хабар дода мешавад, ки сохтмони Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун аз соли 2008 то соли 2014 аз санҷиши Бонки ҷаҳонӣ гузашта буд.
Бино ба хулосаҳои кори санҷишии Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар он мутахассисони Фаронса, Британияи Кабир, Шветсария ва дигар мамлакатҳо ширкат варзида буданд, сохтмони Роғун безарар дониста шуд.
Ҳамчунин имрӯз президенти кишвар Эмомали Раҳмон бо директори генералии ширкати Salini Impregilo S.p.A. Пиетр Салини вохӯрд.
Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар идома додани сохтмони Нерӯгоҳи Роғун-калонтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Осиёи Марказӣ аз ширкати итолиёвӣ умеди бузург дорад.
Таҷҳизоти техникии Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун аз ҷониби ширкатҳои "Coyne & Bellier", "Электроконсалт" ва "Energy Water Economics" омода шуда буд.
Коршиносони байналмиллалӣ қайд менамоянд, ки бо мақсади манфиатҳои иқтисодӣ сохтани сарбанди 330 метрӣ ба манфиати кор буда, имкон медиҳад НБО-и Роғун дар як соат 3600 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол намояд. Бо чунин иқтидор нерӯгоҳ метавонад то 115 сол ба Тоҷикистон хизмат расонад.
Илова бар ин нерӯгоҳи Роғун метавонад дар Осиёи Марказӣ яке аз манбаъи асосии содироти нерӯи барқ гардад. Лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки имсол ба кори худ шурӯъ кард, ҳамчунин интиқоли нерӯи барқ аз Роғунро дар назар дорад.