Шаҳрванди ҶТ барои даъват ба амалҳои террористӣ дар ФР муттаҳам гардид

© Sputnik / Рамиль СитдиковДастбанд. Акс аз бойгонӣ
Дастбанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти мухтори Яҳудиён ба сар мебарад дар ҷалби мардум ба корҳои террористӣ дар қаламрави Русия муттаҳам мешавад, иттилоъ медиҳад рӯзи душанбе додситонии вилоят.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Нисбати шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вилояти мухтори Яҳудиён зиндагӣ дорад ва дар сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) нисбати ҳукумати Сурия ҷангидааст парвандаи ҷиноӣ боз гардид, хабар медиҳад мақомоти додситонии вилоят.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратура гумонбаршуда ҷавони 21 солаи тоҷикистонӣ дорои шаҳрвандии Русия буда, дар вилояти мухтори Яҳудиён ба сар мебарад. Ҳангоми дар сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ дар Сурия ҷандиган мардумро ба фаъолияти террористии ин гурӯҳи радикалӣ даъват мекардааст.

"Баъди дар сафи гурӯҳи ҷиноӣ бар зидди ҳукумати кунунии Сурия ҷангидан, ӯ кӯшиш кард то рафиқи худро ба тарконидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва мардуми ғайринизомии ин минтақа равона намояд. Далели мазкур аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия дар минтақа маълум гардид. Нисбати ӯ аз рӯи моддаи "мусоидат ба фаъолияти террористӣ" парвандаи ҷиноӣ ифтиттоҳ гардидааст",-иттилоъ медиҳад додситонии минтақа.

Такси. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Маскав: таксирони дастгиршуда шаҳрванди Тоҷикистон аст

Қайд мегардад, ки прокуратура парвандаи ҷиноиро қонунӣ хонд. Тафтишоти ҷиноӣ таҳти назорати додситонии вилояти мухтори Яҳудиёни Русия қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон кормандони пулиси Маскав ронандаи такси-шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайгарди ҷаҳонӣ қарор дошт, бо иттиҳоми даъвати мардум ба сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ дастгир карданд.

Дар баробари ин дар охирҳои моҳи июн шаҳрванди дигари Тоҷикистон  Фаррух Азамҷонов бо иттиҳоми даъвати мардум ба сафи гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" дар Максав дар пайгард қарор дошта, баъди чанде аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе дар пайи амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дастгир гардид.

Лентаи хабарҳо
0