ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 11 то 17 июли соли равон барои бостоншиносони ҷавони мамлакатҳои ИДМ мактаби тобистона кушода мешавад, омадааст дар торномаи ИДМ.
"Мактаби тобистона дар шаҳраки қадими Саразм, ки ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст гузаронида мешавад",-қайд шуд дар Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ИДМ.
Бостоншиносони ҷавон ва донишҷӯёни курсҳои охири донишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил имкон пайдо мекунанд то бо навовариҳои илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ аз ҷумла тарзи сабти маводҳои дарёфтшуда, омӯзиши бозёфти археологӣ, бозёфт ва нигаҳдории он шинос шаванд.
Дар мактаби тобистона натанҳо баргузории дарсҳои амалӣ балки гузаронидани нишастҳои илмӣ, мизҳои мудаввар дар назар аст. Барои дарс додан ба мактаб мутахассисон, коршиносон, олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа даъват карда шудаанд. Иштирокчиёни омӯзиш аз адабиётҳои муосири илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ огоҳӣ пайдо мекунанд.
Мактаби тобистонаи омӯзишӣ аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ ташкил карда шудааст.
Саразм-аввалин мероси фарҳангии Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳраки қадим дар (IV-II пеш аз мелод) масофаи 15 километр дуртар аз маркази ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст. Дар ин шаҳрак кофтуковҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд. Харобаҳои ин шаҳрак аз бунёди тамаддуни шаҳрдорӣ дар ин минтақа дарак медиҳад.
Қасрҳои аз даврони қадим боқимонда ва биноҳои истиқоматӣ, ки то замони мо омада расидаанд арзиши бузурги таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳангоми ковтукови бостоншиносӣ аз ин ҷойҳо маводҳои зиёди ороишӣ, заргарӣ, сангҳои сершумори қимматбаҳо садафҳои баҳрӣ ва ғайраҳо ёфт гардиданд.