ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба рӯйхати кишвари "шумораи зиёди сайёҳон" ва рушди босуръати туризм дохил шуд, иттилоъ медиҳад нашриёти бритониявии The Telegrapf бо такя ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба туризм ва сайёҳат.
Дар давоми соли 2015 дар Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ, ё 94% бештар ба қайд гирифта шуд. Бо чунин нишондод ҷумҳурӣ дар мақоми дуюми рейтинг ҷой гирифт.
"Нисфи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 км аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Кӯҳҳои Фон ва Помир ҷойҳои хеле муносиб барои кӯҳнавардон мебошанд", —гуфта мешавад дар матлаб.
Ҷои аввалро дар рейтинг Парагвай соҳиб шуд. Ба ин кишвар 1,27 миллион, ё 97% сайёҳон бештар сафар кардаанд. Мақоми сеюм насиби ҷазираи Ниуэ, ки дар уқёнуси Ором ҷойгир аст, гардид. Аз ин минтақа дар давоми соли 2015 дар қиёс бо солҳои қаблӣ 11 ҳазор сайёҳ (62,9%) бештар дидан кардаанд.
Як қатор ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ба рейтинг дохил шуданд. Ҳамин тавр Қирғизистон аз байни давлатҳое, ки дар солҳои наздик авҷи туризмро интизоранд ҷои аввалро соҳиб шуд.
Қайд мегардад, ки Қирғизистон дар байни кишварҳое, ки даромади умумии туризм ба ММД-и ҷумҳурӣ дар даҳсолаи оянда зиёд хоҳад шуд, пешсаф аст.
Озарбойҷон дар рӯйхати давлатҳое, ки даромади туризм боиси афзоиши ММД-и кишвар аст, дар ҷои дуюм қарор дорад. Даромади умумии соҳаи туризм ба ММД-и соли гузашта нисбат ба соли 2014, 27,3% бештар аст.
Русия ба қатори даҳгонаи беҳтарин дар бахши ташрифи сайёҳон дохил шуд. Соли гузашта 31,6 миллион сайёҳ ба Русия сафар кардаанд.