Аз аввали соли равон қурби сомонӣ нисбати рубл 15,7% коҳиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевСомонӣ. Акс аз бойгонӣ
Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мавсими аввали соли ҷорӣ қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар (12,2%) ва евро (14,3%) паст фаромад.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Қурби пули миллӣ нисбати рубли русӣ ва доллар паст шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Бино ба иттилои бонк дар охирҳои соли 2015 қурби 1 доллари ИМА ба 6.9902 сомонӣ баробар буда, рӯзи охири моҳи июни соли ҷорӣ қурби 1 доллари ИМА-7.8680 сомониро ташкил медиҳад. Беқурбшавии пули миллӣ нисбати доллар то 12,2% моҳи январи ҳамин сол ба қайд гирифта шуд.

Бинои БМТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: таваррум дар моҳи гузашта 0,2%-ро ташкил дод

Ҳамин тавр, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати евро ба андозаи 14,3% — аз 7.6389 барои 1 евро то ба 8.7335 сомонӣ поин рафт. Дар ин давра қурби сомонӣ нисбати рубл 15,7% — аз 0.1031 сомонӣ барои 1 рубл дар охири моҳи декабри соли гузашта то ба 0.1193 сомонӣ ахири моҳи июни соли равон коҳиш ёфт.

Дар ин давра қурби сомонӣ нисбати рубл 15,7% — аз 0.1031 сомонӣ барои 1 рубл дар охири моҳи декабри соли гузашта то ба 0.1193 сомонӣ охири моҳи июни соли равон коҳиш ёфт.

Лентаи хабарҳо
0