БМТ: таваррум дар моҳи гузашта 0,2%-ро ташкил дод

© Sputnik / Амир ИсаевБинои БМТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои БМТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ҳудуди на бештар аз 2,1%-ро ташкил дод, омадааст дар хабари сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Доллари ва сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таваррум дар Тоҷикистон: интизории сокинон ё назорати Бонки миллӣ

Манбаъ мегӯяд, моҳи марти соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,2% баробар шуда, афзоиши мизони таваррум бинобар сабаби болоравии нархҳо ба молу маҳсулоти ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, инчунин хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2016) 5,6%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми пасттарин —3,7% дар соли 2013 сабт гардида, беҳтарин нишондод дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Лентаи хабарҳо
0