ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба таркишҳои Истамбул даст доранд, изҳор дошт президенти Туркия Тайип Эрдуғон.
Дар баробари ин ба гуфти ӯ зодагони Доғистон ва Қирғизистон низ дар ташкили таркиш муштарак ҳастанд, бо ин далел 30 нафар дастгир гардид.
"Шумораи дастгиршудагон дар бастагӣ бо таркишҳои Истамбул ба 30 нафар расид. Бо ин нишондод мо метавонем ба хулосаҳои амиқ биёем… Чуноне мебинед, миёни дастгиршудагон зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд. Мутаассифона сухан дар бораи кишварҳои ҳамсоя меравад",-иброз дошт Эрдуғон рӯзи сешанбе ба рузноманигорон.
Илова бар ин президент қайд намуд, ки таркишҳо аз ҷониби гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ташкил шудаанд.
Дар Истамбули Туркия шоми рӯзи сешанбе дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурк се таркиш ба амал омад. Се террористи худкуш аввал бо силоҳи оташфишон ба сӯи мусофирон оташ кушода баъди чанде худро тарконданд. Тибқи маълумот бар асари инфиҷор 42 нафар (13 шаҳрванди хориҷӣ) ба ҳалокат расида, 239 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Нахуствазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор дошт, ки нишонаҳои таркиш ба корҳои террористии Давлати Исломӣ шабоҳат дорад.
Дар таркишҳо зодаи Чеченистон Ахмед Чатаев, ки қаблан таҳти роҳбарии сардори гурӯҳи ҷиноии "Аморати Қафқоз"-Доку Умаров кор мекард ва баъди вафоти ӯ ба гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ гароид мутаҳҳам дониста мешавад.