ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар рӯйхати ҳалокшудагони инфиҷорҳои фурӯдгоҳи Истамбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
"Дар ҷои ҳодиса намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарӣ дар Истамбул қарор доранд. Бино ба маълумотҳо дар байни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд",-гуфт ӯ.
Дар дари даромад, баромад ва таваққуфгоҳи мошинҳои фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Истамбул соати 00.00 (бо вақти Душанбе) се таркиш ба амал омад. Тибқи маълумотҳои охирин дар пайи таркишҳо 36 нафар ҳалок гардида 147 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Бино ба суханони сарвазири Туркия Бинали Йилдирим ҳамаи сабабҳои таркишҳо аз корҳои ҷиноии террористони Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дарак медиҳанд.