Муқовимати қочоқчиёни Афғонистон бо марзбонони тоҷик

© AP / Burt HermanМарзбони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзбони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи задухурди мусаллаҳона, ки миёни қочоқбарони афғон ва сарбозони тоҷик дар марз ба вуқӯъ пайваст чор қочоқчии Афғонистон дар он сӯи дарё паноҳ шуданд.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шӯробод миёни сарбозони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ дод сухангӯи дафтари матбуотии Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

"Чор нафар қочоқчиён кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон карда, миёни онҳо ва сарҳадбонони тоҷик задухурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст дар натиҷа ба қочоқчиён даст дод, то ба он соҳили дарё гурехта паноҳ баранд",-меафзояд манбаъ.

Бино ба иттилои Улуғхоҷаев дар ҷои ҳодиса сарҳадбонон ҳамроҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 7 кило ҳашиш ва халтаи дар дохилаш маводи мухаддир дарёфт намуданд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0