Медали тилло ва “Лада Гранта”-и таэквандочии тоҷик дар Қазоқистон

© AP / Ng Han GuanФарҳод Негматов дар бозиҳои олимпии Лондон. Акс аз бойгонӣ
Фарҳод Негматов дар бозиҳои олимпии Лондон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабқатҳои анъанавии шарқи Қазоқистон наздики 200 варзишгар аз тамоми минтақаҳои Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистонро ба ҳам овард.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Атирауи Қазоқистон сабқат аз рӯи риштаи таэквандо-ITF барои дарёти ҷоизаи дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Арман Чилванов- "Kazakhstan Open-2016" баргузор гардид. Яке аз беҳтарин таэквандочиёни тоҷик Фарҳод Негматов дар ин мусобиқа соҳиби мақоми аввал шуд.

Сабқатҳои анъанавии шарқи Қазоқистон наздики 200 варзишгар аз тамоми минтақаҳои Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистонро ба ҳам овард.

Варзишгарон дар ҳашт вазни калонсолон ва даҳ вазни наврасон бо ҳам рақобат карданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари тоҷик Фарҳод Негматов дар риштаи таэквндо-ITF медали тилло ба даст оварда соҳиби автомашинаи "Лада Гранта" гардид.

Баромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид

"Соли гузашта дар ҳамин мусобиқа ман ва Алишер Гулов иштирок карда соҳиби медалҳои биринҷӣ гардидем. Имсол бошад дар ин мавсим ман тавонистам медали тилло ба даст биёрам. Мусобиқа аз рӯи ҳамаи котегорияҳои вазнии олимпӣ доир гардид ва дар котегорияи мутлақ ҷоизаи асосии мусобиқа автомобил буд. Ман дар вазни мутлақ баромад кардам, чунки имсол аз котегорияи 80 кг ба 87 киллограм расидам",-изҳор дошт Фарҳод Негматов.

Ӯ гуфт, ки дар роҳи ба медали тилло ноил шудан бо чор рақиб аз Қазоқистон мубориза бурд. Даври финалӣ бошад аз ҳама мушкилтар гузашт.

"Мизбонони мусобиқа бисёр кушиш карданд то ҷоизаи асосии сабқатро аз худ кунанд. Дар даври ниҳоӣ ҳангоми мубориза бо варзишгари Қазоқистон-Азизбек Калжанов наонқадар осон буд. Мухлисон варзишгари худро хеле хуб дастгирӣ мекарданд, рақобат то охир шадид ҷараён дошт. Ҳамин тавр ман тавонистам дар охир бо ҳисоби наонқадар калон-11:10 бар рақиби худ ғолиб оям",-қайд кард варзишгар.

Дар баробари ин варзишгари дигари тоҷик Давлатмурод Каримов низ дар сабқати "Kazakhstan Open-2016" иштирок намуда дар вазни 68 кило соҳиби медали нуқра гардид.

Лентаи хабарҳо
0