Шӯрои муфтиёни Русия: Иди Фитр дар ҳафт макони Маскав таҷлил мешавад

© Sputnik / Глеб Киселев / Гузариш ба медиабонкМасҷиди ҷомеъи Маскав. Акс аз бойгонӣ
Масҷиди ҷомеъи Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои намояндаи ШМР ба ибодкунандагон ихтиёриён, ки дар сафи онҳо намояндагони муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, кумак хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Маскав аз ҷашни мусулмонони ҷаҳон Иди фитр рӯзи 5 июл дар ҳафт ҷой субҳи барвақт таҷлил мешавад, то барои ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои пойтахт мушкилот эҷод нашавад, иттилоъ дод зимни мусоҳиба ба РИА Новости муовини аввали Шӯрои муфтиёни Русия (ШМР), Рушан Аббясов.

Иди Фитр яке аз бузургтарин ҷашни мусулмонони ҷаҳон ба шумор рафта, ҳангоми ба поён расидани моҳи шарифи Рамазон аз он таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон 6 июл Иди Фитр ҷашн гирифта мешавад

"Агар дар бораи Маскав  сухан ронем, ин ҷо намози ид дар чор масҷиди асосӣ (Масҷиди ҷомеъи Маскав, Масҷиди Ёдгорӣ, Масҷиди таърихӣ ва Масҷиди Ярдям) намози ид гузошта мешавад.  Ҳукумати Маскав бароямон се ҷои иловагӣ барои гузоштани намози ид омода намудааст. Ин ҷойҳои анъанавӣ чун дар Бутоваи шимолӣ, дар маркази намоишгоҳи "Соколники" ва боғи "Каломенское" мебошанд,-гуфт Аббясов.

Қисми асосии ҷашнӣ-намози ид ва мавъиза аз соати 7 то соати 8-и саҳар идома хоҳад ёфт. Чунин вақт ба хотири "то нисфирузӣ барқарор намудани ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои Маскав, махсусан дар он ҷойҳое, ки роҳҳо барои ҷой гирифтани ҳамаи мусалмонон баста мешавад, интихоб шуд". Бино ба иттилои намояндаи ШМР ба ибодкунандагон ихтиёриён, ки дар сафи онҳо намояндагони муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, кумак хоҳанд кард.

Макони марказии баргузории ҷашн дар Масҷиди ҷомеъи Маскав баргузор гардида дар он роҳбари Шӯрои муфтиёни Русия Равил Гайнутдин бо мавъиза баромад мекунад. Чуноне Аббясов хабар дод, суханронии ӯ тариқи шабакаи "Россия-1" пахш мешавад.

Лентаи хабарҳо
0