ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳбари нав интихоб гардид. Раиси ҷадиди ҳизб собиқ вакили парлумон Исмоил Талбаков шуд.
Дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзадии Шодӣ Шабдолов, ки шурӯъ аз соли 1992 инҷониб роҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дошт ва Исмоил Талбаков муовини Ҳизби комунисти ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд. Ба тарфдории Шабдолов 22 вакил овоз доданд.
Дар рафти суханронӣ, ки то оғози овоздиҳӣ баргузор гардид, Талбаков қайд намуд, ки кори роҳбарияти ҳизб заиф шуда ба он боис шуд, ки Ҳизби коммунистӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолии икшвар (аз соли 1991) дар интихоботи соли 2015 бори аввал бо ба даст овардани 2% овоз ноком гардид.
Шабдолов дар навбати худ қайд намуд, ки интихоботи соли гузашта ношаффоф гузашт, барои ҳамин ҳам Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз курсии вакилӣ маҳрум шуд.
Роҳбари нави Ҳизби комунисти Тоҷикистон моҳи марти соли 1955 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Дорои маълумоти олии ихтисоси иқтисодчӣ мебошад. Фаъолияти ҳизбиро аз соли 1983 оғоз намудааст. Солҳои 1993-2000 вазифаи роҳбарии ҲКТ дар ноҳияи Кӯлобро бар ӯҳда дошт. Шурӯъ аз соли 2000 вакили парлумони поёнии ҷумҳурӣ буд. Солҳои 2006 ва 2013 номзадии ӯ аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба президентӣ гузошта шуда буд.
То моҳи марти соли 2015-45 ҳазор нафар аъзои ҳизб буданд, то 1 июли соли равон бошад шумораи аъзоёни ҳизб кам шуда ба 37 ҳазор нафар расид.