ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз сӯи як додгоҳе дар Алмаато баста шудани Ҳизби коммунисти Қазоқистонро маҳкум карда, ҳамзамон ибрози умедворӣ намуданд, ки ин гуна вазъият дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад, менависад Радиои Озодӣ.
"Иқдоми ҷониби Қазоқистон мантиқӣ нест. Зеро он чӣ онҳо асос кардаанд, яъне "зиддунақизаҳо дар шумораи аъзо" наметавонад далел барои баста шудани ҳизб гардад", — гуфтааст, Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист.
Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷаноби Талбаков, "манъи фаъолияти ҳизб фақат дар сурати қонуншиканӣ мешавад."
Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон фаъолияти Ҳизби коммунист дар ин кишварро боздоштааст. Ин ҳукм рӯзи 3 августи соли ҷорӣ эълон шуда, аммо ҳалномааш ҳамагӣ баъд аз даҳ рӯзи он ба дасти коммунистҳо расидааст. Толеубек Махиҷонов, котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки барои ҳалли қазияаашон то Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард.
"Дар ин додгоҳ ягон узви Ҳизби коммунист иштирок накардааст", — гуфт Толеубек Махиҷонов ва афзудааст, ки басташавии ҳизби онҳо асосан дар пайи муроҷиати Вазорати адлияи Қазоқистон сурат гирифтааст. Баҳонаи манъи фаъолияти онҳо, ба гуфтаи ӯ, зиддунақизаҳо дар шумораи аъзои ҲКТ будааст.
"Мо дар бораи 58 ҳазор узви Ҳизби коммунист дар Қазоқистон гузориш додем. Аммо Вазорати адлия иддао дорад, ки тамоми аъзои мо ба 38 ҳазор баробар аст. Онҳо ин иттилоъро аз куҷо гирифтаанд? Дар ҳоле ки ҳеч кас аъзои моро дубора нашумурдааст ва ягон узви ҳизб низ дар бораи хориҷ шуданаш муроҷиат накардааст", — афзудааст Махиҷонов.
Аммо муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба баста шудани фаъолияти Ҳизби коммунист дар Қазоқистон мегӯяд, "ҳар чиро интизор шудан мумкин аст, аммо умед аст, Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон баста намешавад." Зеро ба гуфтаи Талбаков, "Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон дар чорчӯби Қонуни Асосӣ ва қонунҳои кишвар фаъолияташро ба роҳ мондааст ва талош мекунад, то ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад."
"Ҳоло ҳизби коммунист тибқи ойинномаи худ ҳар моҳ ду бор раёсат ё президиуми худро мегузаронад, қабул ба сафи ҳизб ҷараён дорад ва чорабиниҳои ҳизбӣ низ дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад", — афзудааст Талбаков.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравии пешин фаъол аст ва раҳбарии онро Шодӣ Шабдолов бар уҳда дорад, бо беш аз 45 ҳазор аъзо аз ҳизбҳои умда, пас аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дониста мешавад.
Тибқи иттилои масъулони ҳизб, онҳо дар 63 шаҳру ноҳия созмонҳои ҳизбӣ доранд ва ҳамчунин созмонҳои комсомолӣ ва пионерии он низ то ҷое фаъол аст. Аммо ин ҳизб дар пайи интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ меъёри муқаррарӣ барои ворид шудан ба Маҷлиси Намояндагонро нагузашт ва аз ду курсияш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид.