Дар Истамбул дар бастагӣ бо таркишҳо 11 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуд

© REUTERS \ Osman OrsalМошинҳои ёрии таъҷилӣ баъди таркиш дар Туркия. Акс аз бойгонӣ
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ баъди таркиш дар Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи умумии нафароне, ки ҳукумати Туркия дар даст доштан ба инфиҷорҳои фурӯдгоҳи Отатурк муттаҳам медонад ба 24 нафар мерасад.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Дар Туркия 11 шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми даст доштан ба таркишҳои фурӯдгоҳи байналмиллалии Истамбул боздошт гардиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи  Haberturk.

Шумораи қурбониёни инфиҷори Истамбул ба 36 нафар расид

Чанде қабл дар бораи боздошт шудани 13 нафар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия, ки чор нафарашонро шаҳрвадони хориҷӣ ташкил медоданд, хабар дода шуд. Акнун бино ба иттилои шабака шумораи умумии боздоштшудагон ба 24 нафар расид.

Гумонбаршудагон дар пайи амалиёти вижаи ҷустуҷӯии мақомот дар ноҳияҳои шаҳри Истамбул боздошт гардиданд.

Дар Истамбули Туркия шоми рӯзи сешанбе дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурк се таркиш ба амал омад. Се террористи худкуш аввал бо силоҳи оташфишон ба сӯи мусофирон оташ кушода баъди чанде худро тарконданд.

Тибқи маълумот бар асари инфиҷор 42 нафар (13 шаҳрванди хориҷӣ) ба ҳалокат расида, 239 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Нахуствазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор дошт, ки нишонаҳои таркиш ба корҳои террористии Давлати Исломӣ шабоҳат дорад.

Лентаи хабарҳо
0