ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Инфиҷор дар фурӯдгоҳи Истамбул ҷони 36 нафарро рабуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба нашриёти Sabah Daily.
"Бар асари таркиш дар Истамбул 36 нафар ҳалок гардида, нафарони зиёд захмӣ шуданд",-изҳор дошт сарвазири Туркия Бинали Йилдирим.
Чуноне оҷонсии Рейтер бо истинод ба нахуствазири Туркия хабар медиҳад, эҳтимол меравад, ки дар байни ҳалокшудагон шаҳрвадони хориҷӣ низ ҳастанд.
Сарвазир ҳамчунни қайд намуд, ки ба шумораи қурбониён се террористи худкуш дохил намешаванд.
"Ҳамаи аломатҳои инфиҷори дар фурӯдгоҳ ба вуқӯъ омада ба корҳои террористии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шабоҳат дорад, тафтишот дар ин замина давом дорад",-менависад нашриёт аз суханони нахуствазир.
Дар дари даромад, баромад ва тавақуфгоҳи мошинҳои фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Истамбул соати 00.00 (бо вақти Душанбе) се таркиш ба амал омад.
Дар авоили моҳи июн дар назди истгоҳи автобус дар Истамбул инфиҷор рух дод. Дар пайи таркиш 11 нафар ба ҳалокат расида, 36 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.