ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputink. Дар Тоҷикистон интиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маркази миллии тестии ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ "имрӯз, 1 июли соли 2016 дар 43 маркази имтиҳонсупорӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои якум имтиҳони қисми А (санҷиши умумӣ) оғоз гардид. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 000 довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Бояд қайд кард, ки соли 2016 теъдоди довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил медиҳад".
Имтиҳоноти дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
Довталабонро мебояд аз 1 то 13 июл аз санҷиши умумӣ (компоненти А) ва имтиҳони ихтисосӣ (компоненти Б) гузаранд.Вақти супоридани имтиҳоноти эъҷодӣ ва санҷиши махсуси (компоненти Б) аз 25 июн то 5 июл давом хоҳад кард.
Санҷиши умумӣ аз субтестҳои зерин иборат аст: забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Имтиҳоноти тахассусӣ аз се субтест иборат буда, аз касби интихобшуда вобастагӣ доранд.Санҷиши эъҷодӣ бошад дар сурати интихоби касби мувофиқ супорида мешавад.
Натиҷаҳои имтиҳонот рӯзи 25 июл эълон хоҳанд шуд.