Мария Шараповаи маҳзун дар ошхонаи донишгоҳи Ҳарвард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМария Шарапова. Акс аз бойгонӣ
Мария Шарапова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксе, ки дар шабакаи интернетии Twitter пайдо шуд, теннисбози машҳурро дар ошхонаи донишгоҳ миёни доиншҷӯёни зиёд нишон медиҳад.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Чанде қабл варзишгари машҳури рус теннисбози моҳир Мария Шараповаро, ки ба мактаби бизнеси донишгоҳи Ҳарвард дохил шудааст дар ошхонаи ҳамин донишгоҳ сурат гирифтаанд.

Аксе, ки дар шабакаи интернетии Twitter пайдо шуд, теннисбози машҳурро дар ошхонаи донишгоҳ миёни доиншҷӯёни нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Мария Шарапова баъди маҳрум шудан аз давом додани бозии касбии теннис ба мактаби бизнеси донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд. Дар бораи ин ӯ дар саҳифаи Twitter-и худ хабар медиҳад.

"Намедонам чи тавр, вале ин ҳодиса рух дод, салом Ҳарвард. Саршавии дарсҳоро беҳад интизорам",-навиштааст Шарапова.

Мария Шарапова қаҳрамони панҷкаратаи Grand Slam дар бахши якнафара: мусобиқаҳои Уимблдон (2004), Қаҳрамонии кушоди ИМА (2006), Қаҳрамонии кушоди Австралия (2008), Чемпионати кушоди Фаронса (2012 ва 2014), дорандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан теннисбози рус Мария Шарапова дар бораи дар баданаш ёфт шудани мелдоний, ки аз 1 январи соли 2016 ба рӯйхати маводҳои манъшуда аз ҷониби Оҷонсии Умумиҷаҳонии Антидопингӣ (WADA) дохил шуд, эълон карда буд. Шараповаро муваққатан 12 марти соли равон аз иштирок дар бозиҳо маҳрум карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0