ВАО: дар Туркия нуҳ нафар барои даст доштан ба таркишҳо боздошт шуданд

© REUTERS \ Osman OrsalФурӯдгоҳи Истамбул баъди инфиҷор. Акс аз бойгонӣ
Фурӯдгоҳи Истамбул баъди инфиҷор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздоштшудагон ба иттиҳоми даст доштан ба таркишҳо ва дастгирии модии гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” ва ҳамчунин даъвати аъзоёни нав ба сафи ин гурӯҳ муттаҳам мешаванд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Туркия бо иттиҳоми даст доштан ба инфиҷорҳои Истамбул нуҳ нафар дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад рӯзи панҷшанбе  РИА Новости бо такя ба оҷонсии Anadolu.

Амалиёти ҷустуҷӯӣ бо иштироки садҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Истамбул, Измир ва дигар минтақаҳои наздики он гузаронида мешавад. Дар пайи ҷустуҷӯ дар якқатор манзилҳо силоҳи оташфишон ва дигар маводҳои хатарнок дарёфт гардиданд.

Боздоштшудагон бо иттҳоми даст доштан ба таркишҳо ва дастгирии модӣ ба гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва ҳамчунин даъвати аъзоёни нав ба сафи ин гурӯҳ муттаҳам мешаванд.

Шумораи қурбониёни инфиҷори Истамбул ба 36 нафар расид

Дар Истамбули Туркия шоми рӯзи сешанбе дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатюрк се таркиш ба амал омад. Се террористи худкуш аввал бо силоҳи оташфишон ба сӯи мусофирон оташ кушода баъди чанде худро тарконданд. Тибқи маълумот бар асари инфиҷор 42 нафар (13 шаҳрванди хориҷӣ) ба ҳалокат расида, 239 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Нахуствазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор дошт, ки нишонаҳои таркиш ба корҳои террористии Давлати Исломӣ шабоҳат дорад.

Лентаи хабарҳо
0