ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Аз суханони ҳамроҳаш, ки тавонист аз чанголи хирс раҳоӣ ёбад, бармоеяд, ки ҳамлаи хирс барояшон ногаҳонӣ буд. Хирс аз куҷое пайдо шуда ба назди онҳо давида ҳамла намуд.
Бино ба иттилои Telegraph номи марди ҳалокшуда Брэд Трит буда, ӯ 38 сол умр доштааст. Дар хабарномаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ омадааст, ки айни ҳол дар ин минтақаи ИМА наздики 1000 адад хирси хокистаранг вуҷуд доранд. Кормандони боғи миллӣ изҳор доштанд, ки ҳамлаи хирс ба одамон ҳолати ғайричашмдошт аст. Одатан ин намуди хирсҳо ба одамон ҳамла намекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ шурӯъ аз соли 2010 инҷониб аз дасти хирсон 6 нафар ба ҳалокат расидаанд, вале ҳамаи ҳолатҳо дар мамнӯъгоҳи Йеллоутон ба қайд гирифта шудаанд. Дар боғи Монтане бошад одамон дар давоми ду сол як ё ду маротиба бо хирс рӯ ба рӯ шуда чун анъана ин вохӯрӣ дер давом накарда бе талафот ба охир мерасад.