Тоҷикистон чун кишвари офтобрӯя аст, аз ин рӯ дамои ҳаво дар фасли тобистон пайваста гарму тафсон аст. Дар аксар манотиқҳои Тоҷикистон дар ин фасл ҳарорати ҳаво аз 50 дараҷа низ боло меравад.
Гарму нарм будани дамои ҳаво аз як ҷиҳат агар хуб бошад, аз ҷониби дигар боиси нороҳатии кас шуда метавонад. Шуои офтоб агар сахт ба одам расад, метавонад боиси сар задани як қатор маризӣ шавад.
Аз ин ру донистани оддитарин усулҳои аз гармӣ эмин ёфтан барои ҳар кас зарур аст. Тасвирбаёни мо чанд маслиҳати муфид баҳратон ироа мекунад, то дар гармои тоқатфарсо аз он истифода намоед.
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад
Маъмулан оқибатҳои таъсири шуои офтоб ба одам бо гузашти 6 -7 соат аён мешавад. Дар одам аломатҳои беҳушшавӣ, дилбеҳузурӣ, зуд- зуд нафас кашидан, ташнагӣ ва баланд шудани ҳарорати бадан дида мешавад.
Агар чунин ҳолат сар зад пас нафари офтобзадаро нахуст ба ҷойи соятар бояд интиқол дод.
То 44 дараҷа: ҳавои гарм дар Тоҷикистон боқӣ мемонад
Ба рагҳои нисбатан бузурги ӯ ях монда, ба ҳуш оварданаш лозим аст. Баъде, ки бемор ба ҳуш омад фавран мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ задан лозим аст.
Пӯшидани либоси кушоду пахтагӣ ва нушидани оби бисёр тавсия дода мешавад. Дар фасли гармои тобистон пайваста аз эҳтиёт кор бигиред.