ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, ҳарорат рӯзона ба 44 дараҷа мерасад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 21 июл идома хоҳад ёфт.