ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Аз 26 то 28 июн дар Қирғизистон 29 заминларза ба қайд гирифта шуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии МЧС.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии МЧС ҳамаи заминларзаҳо дар минтақаҳои сарҳадии се давлати ҳамсоя-Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин (ноҳияҳои паси Олой) ба вуқуъ пайвастаанд.
Танҳо рӯзи гузашта дар ҷануби ҷумҳурӣ наздики 18 адад ҳодисаи равиши замин ба қайд гирифта шудааст",-хабар дод рӯзи сешанбе сардори идораи марказии МЧС полковник Муҳаммад Сваров.
Ӯ қайд намуд, ки "дар давоми шабонарӯз дар қаламрави Қирғизистон 18 ҳодисаи заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд". Қувваи заминларза дар марказаш аз 3 то 6 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари заминҷунбӣ касе зарар надидааст. Дар робита бо шиддат ёфтани ҳолатҳои фавқуллода сардори МЧС-и ҷумҳурӣ Қувватбек Боронов ба роҳбарони идораҳои Марказ оид ба ҳолатҳои фавқуллода, Маркази омодагии шаҳрвандон ба ҳолатҳои фавқуллода дастур дод, то "корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҷоннок карда шаванд".
Заминларзаи аввалин рӯзи шанбе соати 17.17 ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба иттилои маркази санҷиш қувваи заминларза аз 3 то 6 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Ош қувваи заминҷунбӣ аз 4 то 5 балл ҳис мешуд.
Қирғизистон дар минтақаи хавфи баланди заминларзаҳои то 9 баллӣ қарор дорад. Моҳи ноябри соли гузашта дар ин минтақаҳо қувваҳои ларзиш зиёд шуда буд. Дар натиҷа дар вилояти Оши Қирғизистон қувваи ларзиши замин ба 6 бал расида боиси хароб гаштани 4 ҳазор манзили зист ва обектҳои ҷамъиятӣ гардид. Зиёда аз 300 оила бепаногоҳ монд.