Заминларза дар Тоҷикистон

Заминларза дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Акс аз бойгонӣ
Сейсмограф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қувваи ларзиши замин дар макрказаш 6-7 баллро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз заминҷунбӣ касе осеб надидааст.

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар натиҷаи заминларза, ки рӯзи якшанбе дар Қриғизистон ба вуқӯъ пайваст касе осеб надидааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии мақомот.

"Бино ба иттилои институти Сейсмологии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маркази заминларза дар минтақаи паси Олой дар ноҳияи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар 17 километрии ҷанубу-ғарби деҳаи Бар-Добо ҷойгир шудааст. Қувваи ларзиши замин дар макрказаш 6-7 баллро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз заминҷунбӣ касе осеб надидааст",-иттилоъ дод МЧС.

Дар пойтахти ҷанубии Қирғизистон шаҳри Ош 4 бали заминларза ҳис мешуд, ҳамчунин дар шаҳри Ботканд-3,5 бал ва дар Бишкек бошад заминларзаи наонқадар сахт ҳис шуд.

Лентаи хабарҳо
0