ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай масъалаи қабули Афғонистонро ба узвияти СҲШ мувофиқи тартиботи қабулшуда муҳокима мекунад, изҳор дошт намояндаи махсуси президенти Русия оид ба СҲШ Бахтиёр Ҳакимов.
"Афғонистон соли гузашта аризаи расмӣ оид ба ворид шудан ба узвияти кишварҳои СҲШ пешниҳод карда буд. Ин аризаи дуюмин баъди Эрон аст, ки ҳамчунин бо тартиботи муқарраргардида баррасӣ хоҳад шуд",-гуфт Ҳакимов зимни нишасти матбуотӣ дар оҷонсии "Россия сегодня".
Дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Афғонистон ва Покистон, ки соли гузашта аллакай тартиби ворид шудани Исломобод ба узвияти СҲШ-ро баррасӣ шуда буд, Ҳакимов қайд намуд, ки "Покистон ва Афғонистон кӯшиш мекунанд вазъиятро бо ҳамкории муштарак ба тартиб дароранд".
"Мо омодаем, ҳамаҷониба ҳатто дар соҳаи иқтисод ба ин кишварҳо ёрӣ расонем. Аммо СҲШ омода нест барои ором градонидани вазъияти минтақа кореро анҷом диҳад. Барқарор намудани сулҳ дар Афғонистон таҳти раёсати марказии СММ сурат мегирад",-илова кард Ҳакимов.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад. Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Тошканди Узбакистон ба Остонаи Қазоқистон интиқол ёфт.