ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Якқатор давлатҳо барои ворид шудан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай аризаи расмӣ пешниҳод кардаанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии СҲШ.
Сурия, Миср ва Исроил дар бораи ворид шудан ба СҲШ изҳор доштанд. Кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчунин дохилшавии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ менамоянд.
"Аз ҷониби Сурия ҳанӯз соли гузашта аризаи ворид шудан ба СҲШ ба ҳайси нозир омада буд, вале тибқи қарордодҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай кор бо аъзоҳои нав аз сатҳи поёнӣ яъне "муколамаи шарикӣ" бояд шурӯъ шавад",-изҳор дошт намояндаи махсуси президенти Русия оид ба СҲШ Бахтиёр Ҳакимов.
"Мо масъалаи воридшавии Эронро ба узвияти СҲШ пурра дастгирӣ менамоем, вале айни ҳол бояд ба дохил намудани Ҳиндустон ва Покистон машғул шавем",-қайд кард вазири вазорати корҳои хориҷии Чин Ван И.
Сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар ҳузури сарвазири Ҳиндустон Нарендри Моди ва президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ёддошт оид ба уҳдадориҳои Покистон ва Ҳиндустон барои ворид шудан ба узвияти СҲШ қабул карднанд. Эҳтимолан кори ин ҷаласа бо қабул гардидани ду аъзои нав ба узвияти СҲШ соли оянда анҷом ёбад.