Шӯрои кории Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшад

© Sputnik Дастфишонӣ.Акс аз бойгонӣ
Дастфишонӣ.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои соҳибкорон барои барқарор намудани робитаи судманд миёни корхонаҳои ду кишвар ва рушди минбаъдаи соҳаҳои савдо ва иқтисод нақши муҳим хоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Русия Меморандум оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расонданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ПСС ҶТ.

Маросими ба имзо расидани меморандум дар Тошканд дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ  зимни маҷлиси Раёсати Шӯрои тиҷоратӣ доир гардид.

Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тошканд мизбони ҷаласаи доираҳои тиҷҷории кишварҳои аъзои СҲШ мегардад

Раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид ва президенти  ПСС Русия Сергей Катирин нақши Шӯрои кориро дар барқарор намудани муколамаи самаранок байни корхонаҳои ду кишвар ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳиои иқтисодӣ ва савдо баланд арзёбӣ карданд.

Бо назардошти вазифаҳои гузошташуда, солҳои наздик дар фаоълияти Шӯрои корӣ ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба бо ҷалби сохторҳои манфиатдори давлатӣ ва тиҷоратии кишварҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод-гидроэнергетика, саноати куҳӣ, мошинсозӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа, ҳамкориҳои илмиву техникӣ, маориф, туризм ва тандурустӣ бартарӣ дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0