ДУШАНБЕ, 20 июня — Sputnik. Дар пойтахти Узбакистон рӯзи 23 июн ҷаласаи Раёсати Шӯрои СҲШ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКХ ҷумҳурӣ.
Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои тиҷоратии Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон масъалаҳои рушди соҳа аз ҷумла афзалият ва самтҳои асосии густариши онро баррасӣ хоҳанд кард.
Шӯрои кории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 14 июни соли 2006 дар Шанхай таъсис дода шудааст. Дар ҷаласаи таъсиси доираҳои тиҷоратӣ намояндагони Шӯрои миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбакистон иштирок карданд.
Ҷаласаи 15-уми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 23-24 июн дар Тошканд баргузор мегрдад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкориҳои соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин амнияти минтақавӣ муҳокима мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.