Эмомали Раҳмон суботи Афғонистонро кафолати амнияти Тоҷикистон хонд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВохӯрии Эмомали Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ
Вохӯрии Эмомали Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Афғонистон масъалаи мубориза бар зидди терроризм,экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро баррасӣ намуд.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғани дар Тошканд вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари ҶТ.

Вохӯрӣ дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.

Эмомали Раҳмон ба Тошканд рафт

Бино ба иттилои манбаъ зимни сӯҳбат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон иброз дошт, "мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини суботу амният дар бародаркишвар-Афғонистон ҳастем, ва онро гарави амнияту бехатарии Тоҷикистон ва тамоми минтақа медонем".

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба  ки марҳила ба марҳила рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарони ду кишвар қайд намуданд, ки ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи иқтисоду савдо, фарҳангу техника барои ба ҳадафи умумӣ расидан нақши муҳим хоҳад бозид.

Тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки хусусияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ касб кардаанд, зарур дониста шуд.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад. Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0