ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ ба Тошканд рафт иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Тибқи маълумоти дафтари матбуотии президент, сарвари давлатро дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Имрӯз, 23 июн таҳти раёсати президенти Узбакистон Ислом Каримов ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад. Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.