Моргулов ва Сатторов омодагӣ ба ҷаласаи сарони СҲШ-ро баррасӣ намуданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкИгор Моргулов. Акс аз бойгонӣ
Игор Моргулов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омодагӣ ба вохӯрии сарони кишварҳои аъзои СҲШ зимни гуфтугӯи муовини вазири Вазорати Корҳои Хориҷии ФР Игор Моргулов ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов баррасӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муовини вазири ВКХ-и Федератсияи Русия Игор Моргулов бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов омодагӣ ба ҷаласаи шӯрои сарони кишварҳои СҲШ-ро мавриди муҳокима қарор дод.

"Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Тошканд баррасӣ гардиданд",-омадааст дар хабарномаи ВКХ.

Ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд баргузор мегардад.

Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вуруди шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба Узбакистон манъ шуд

Қаблан хабар дода шуд, ки Узбакистон шурӯъ аз 15 июн то 25 июн вуруди шаҳрвандон ва нақлиётро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба қаламрави кишвараш мамнӯъ кардааст. Дар баробари ин иттилоъ дода шуд, ки  ВКД-и Узбакистон ва мақомоти мубориза бар зидди терроризм  барои таъмини амният дар давраи нишасти сарони СҲШ чорабиниҳои махсус доир мекунад.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0