Дар Душанбе қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба бадминтон баргузор гардид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкБадминтон. Акс аз бойгонӣ
Бадминтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқа 78 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Иштирокчиёни сабқат дар бахши якнафарӣ, дунафарӣ ва омехта бйни ҳам рақобат карданд.

ДУШАНБЕ, 20 июня — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон миёни ҷавонон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Федератсияи бадминтони ҶТ.

Албатта ҳамаи мо  боре ҳам бошад аз бозии бадминтон ҳаловат бурдаем. Маъмулан ин бозӣ дар назди ҳавлиҳо ё худ майдонҳои варзишии хурд сурат мегирад. Вале бо муҳайё шудани ҷои мувофиқи бозӣ  бадминтон аз бозии маъмулӣ ба варзиши касбӣ мубаддал мегардад.

Бадминтон-намуди варзишест, ки ҳама ба он дастрасӣ доранд. Вақтҳои охир бо ибтикори Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории сабқатҳои гуногун аз ҷониби федератсия ин намуди варзиш миёни мардуми кишвар хеле ҳам маъруф гаштааст.

Дар мусобиқа 78 варзишгар аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Душанбе-3, Хатлон-1, Хатлон-2, Рашт-1, Рашт-2 ва вилояти Суғд ширкат варзиданд. Иштирокчиёни сабқат дар бахши якнафарӣ, дунафарӣ ва омехта бйни ҳам рақобат карданд.

Бадминтон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе мехоҳад сабқати Осиёӣ оид ба бадминтонро баргузор намояд

Федератсияи Тоҷикистон оид ба бадминтон ва ҳайтаи  мураббиёни ин намуди варзиш дар нақша доранд, қаҳрамонии ҷумҳуриявиро аз рӯи синну соли гуногун (аз 13 то 19), ҳамчунин гурӯҳҳои занона ва мардона ташкил диҳанд. Дар баробари ин ба гуфти раиси Федератсияи бадминтони ҶТ Кабирҷон Ҷӯраев дар ояндаи наздик баргузории қаҳрамонии Осиёи Марказӣ аз рӯи бадминтон дар Душанбе дар назар аст.

Муовифи натиҷаҳои мусобиқа дар бахши рақобати якнафара мақоми аввал аз байни писарон насиби Қурбоншоҳ Муқобилшоев аз дастаи Хатлон-1 гардида, ҷои дуюмро Муҳиб Кузиев аз дастаи Хатлон-2 соҳиб шуд. Фирӯз Пиров аз гурӯҳи Хатлон-2 ҷои сеюмро ишғол кард. Аз байни духтарон Розия Раҳимова аз дастаи Хатлон-1 соҳиби ҷои аввал гардид. Манижа Маҳкамбоева аз гурӯҳи Хатлон-2 дар ҷои дуюм қарор гирифта, Мафтуна Бозорова аз дастаи Хатлон-1 сазовори ҷои сеюм шуд.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Ҳамин тавр дар бахши ду нафарӣ аз байни писарон: Муҳиб Кузиев, Қурбоншоҳ Муқобилшоев (Хатлон-1) ҷои аввал, Неъматулло Ғаниев, Юсуф Рустамҷонов (Суғд) мақоми дуюм, Фирӯз Пиров, Фариддун Сафаров (Хатлон-2) ҷои сеюмро соҳиб шуданд. Аз байни духтарон Манижа Маҳкамбоева, Мафтуна Бозорова (Хатлон-2) ҷои аввал,Розия Раҳимова, Шабнам Юнусова (Хатлон-1) ҷои дуюмро ишғол карданд.

Дар бахши омехта: Аҳё Олимов, Нилуфар Ёқубова (Хатлон)-ҷои аввал, Хизматулло Сафаров, Фирӯза Носирова (Хатлон)-мақоми дуюм, Хуршед Рӯзимуродов, Заррина Авазбадалова (Суғд) ҷои сеюмро ишғол карданд.

Лентаи хабарҳо
0