ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Интизор меравад, ки дар Душанбе дар ояндаи наздик мусобиқа оид ба бадминитон байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ доир гардад.
Имрӯзҳо варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои гуногун омодагӣ мебинанд. Чуноне сардори Федератсияи бадминтони ҷумҳурӣ Кабирҷон Ҷураев хабар дод, аз 4 то 6-ум июни соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони синну солашон (13-15) ва (16-19) дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар баробари ин моҳи июли соли ҷорӣ гузаронидани сабқати ҷумҳуриявӣ оиди ин намуди варзиш дар Рашт дар назар буда, мусобиқаҳо байни духтарон, занон ва ҳамчунин намояндагиҳои дипломатӣ доир хоҳанд шуд. Ба қавли Кабирҷон Ҷураев интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Душанбе мусобиқаи бузург байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.
"Мо барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ нақшаҳои зиёде дорем, аммо мутаасифона шароити молиявӣ наонқадар хуб аст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи шароитҳои дар даст доштаро истифода барем",-изҳор дошт Ҷураев.
Ба гуфти ӯ дабири кулли Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонатан Линус барои рушди ин намуди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Соли гузашта Тоҷикистон ба лоиҳаи байналмиллалии Shuttle time ҳамронҳ шуда дар доираи он корҳои зиёдеро барои рушди бадминтон дар Тоҷикистон анҷом дод.
"барои рушди ин намуди варзиш наонқадар маблағи зиёд лозим аст. Дар баробари ин бадминтон ба бозиҳои олимпӣ дохил мешавад,барои ҳамин ҳам метавон ин намуди варзишро ҳаматарафа рушд дод",-иброз дошт ӯ.
Федератсияи Тоҷикистон оид ба бадминтон ва ҳайтаи мураббиёни ин намуди варзиш дар нақша доранд, мунтахаби ҷумҳуриявиро аз рӯи синнну соли гуногун (аз 13 то 19), ҳамчунин гурӯҳҳои занона ва мардона ташкил диҳанд. Дар пеш моро мусобиқоти Осиёи Марказӣ, ки тобистони соли 2018 дар Туркманистон баргузор мегардад ва ҳамчунин Бозиҳои Олимпии навбатӣ интизоранд.