Ҳифзи муҳити зист дар Алмаато миёни кишварҳои ОМ баррасӣ мегардад

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкШаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҳамоиш аз рӯи натиҷаҳои кори конфронс санади ниҳоии стратегияи ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба ҳифзи муҳити зист дар даҳсолаи оянда ба имзо расонанд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар Конфронси байналмиллалии "Ҳамкорӣ оид ба муҳити зист ва рушди он дар Осиёи Марказӣ", ки дар Алмаатои Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Сирдарё дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ҳифзи муҳити зист: оби рӯди Сир олуда нест

Дар кори ҳамоиш, ки рӯзи 21-уми июн дар Алмаато доир мегардад, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмиллаӣ ва дигар мамолики ҷаҳон ширкат мекунанд.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҳамоиш аз рӯи натиҷаҳои кори конфронс санади ниҳоии стратегияи ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба ҳифзи муҳити зист дар даҳсолаи оянда ба имзо расонанд.

Ҳамоиши байналмиллаӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0