ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ташхиси пурраву доимии обу ҳавову хок ва вазъи радиатсионии минтақа, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ташхисгоҳи сайёри муосиреро харидорӣ кардааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
"Ташхисгоҳи сайёр аз як микроавтобуси "Фолксваген" иборат аст, ки бо 5 навъ таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст",- меафзояд манбаъ.
Ба иттилоъи масъулин, лабораторияҳои сайёр аз Русия, ИМА ва Олмон оварда шуда, тавони дар фурсати кӯтоҳ санҷидани ҳолати обу ҳавою хок, мизони ихроҷи газҳои зарарнок ба ҳаво ва вазъи радиатсионии минтақаро доранд.
Сардори шӯъбаи назоратии ин раёсат Алишер Самадов ба Радиои Озодӣ гуфтаас, бартарии лабораторияи сайёр дар он аст, ки ташхиси экологиро дар маҳал ва ба таври фаврӣ анҷом медиҳад. Ба қавли вай, ин гуна ташхис дар сурати ихроҷшавии гази зарарнок ба атмосфера дар як корхонаи саноатӣ, ё аз селу обхезӣ шуста шудани партовгоҳи радиатсионӣ фавран анҷом мешавад.
"Масалан, таҷҳизоти универсалии Ганк-4А, ки 13 фиттаи ивазшаванда дорад, дар худи ҷои ҳодиса ташхисгоҳи сайёр вазъи олудашавии ҳаво ё обро чен карда, натиҷаашро дар компютер нишон медиҳад. Мисли пештара дигар, масалан, 100 километр роҳро тай кардану намунаҳои обу хокро ба лаборатория овардан даркор нест",- иброз доштааст Самадов.
Ташхисгоҳи сайёр имкон медиҳад ҳолати радиатсиониро дар атрофи корхонаҳои бузурги саноатии минтақа ва бахусус назди хати сарҳади кишварҳои ҳамсоя аз масофаи 50 метр то 2 километр дур аз макони ҷойгиршавиашон бисанҷад. То ин замон чунин ташхисҳо бо таҷҳизотҳои давраи шӯравӣ анҷом мешуданд, ки кайҳо фарсуда шудаанд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, минтақаи шимолии Тоҷикистон корхонаҳои бузурги дорои маводи олуда ба радиоактив ва партовгоҳҳои радиатсионие дорад, ки дар давраи шӯравӣ фаъол буданд ва ҳоло аз кор бозмондаанд. Партовгоҳҳои бузурги онҳо, ки бархе бозу нопӯшида боқӣ мондаанд, ба муҳити атроф зарар мерасонанд ва вилояти Суғдро ба як минтақаи аз нигоҳи экологӣ осебпазир табдил додаанд. Рӯди Сир аз ҳудуди минтақаи Суғд то қаламравҳои Ӯзбакистону Қазоқистон ҷорӣ мешавад ва гоҳе он кишварҳо дар бораи олуда шудани обу ҳаво дар ҳавзаи ин рӯд сару садо баланд мекунанд.
Ахиран, олимони Қазоқистон натиҷаҳои як пажӯҳиши худро эълон карданд, ки мувофиқи он оби дарёи Сир дар ин кишвар шадидан олуда аст ва истеъмоли он аз ҷониби инсон ва ҳатто истифодааш дар обёрӣ ва моҳипарварӣ машварат дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисони раёсати ҳифзи муҳити зисти Суғд эътироф мекунанд, ки оби ин рӯди дар сароғози худ поку мусаффо ва қобили нӯшидан то расидан ба нуқтаи ниҳоиаш ба ахлоту партовҳои маишиву корхонаҳои саноатӣ олуда мешавад ва то андозае натиҷаи таҳқиқи донишмандони қазоқро дуруст мешуморанд. Вале мегӯянд, ки азбаски дар канори Сир дар ҳудуди Тоҷикистон дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ амал намекунанд, мизони олудагии об дар ин ҳудуд зиёд нест.